17 марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор карда мешавад. Дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Форуми мазкур, ки дар асоси ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» гузаронида мешавад, бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, инчунин ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тибқи қарор, шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории форум муайян гардидааст.
Интизор меравад, ки форум ба густариши ҳамкории фарҳангию сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии пойтахт мусоидат намояд.
Рафти омодагӣ ва баргузории форум тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос карда мешавад.