Ташкили хатсайрҳои сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

14/11/2025

14 ноябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар хатсайри сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.

Хатсайри мазкур бо ҷалби роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорону ҷавонону варзишгарон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Зимни баргузории хатсайрҳои сайёҳӣ боздиди иштирокчиён аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, аз ҷониби роҳбаладон доир ба объектҳои сайёҳӣ ва иқтидори онҳо маълумоти мушахассас пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, дар тамошои филми мустанади «Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии сулҳи ҷаҳон ба роҳ монда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мунтазам баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар замиру ботини сокинони пойтахт тарбият намудани ҳисси шукргузорӣ аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омӯзишу арљгузорӣ ба хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадорӣ дар давраи давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамин, рушди босуботи мамлакат ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалист, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ аз салоҳиятнокӣ, фаъолияти босамар ва соҳибхирадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

14/11/2025