Ташкили «Кӯчаи сайёҳӣ» дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе

11/11/2025

Баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ, таъмини фазои фарҳангии пойтахт ва фароғати сокинону меҳмонони он дар доираи тақвияти ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон дар Боғи Куруши Кабир кӯчаи сайёҳии мавсимӣ ташкил карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ташкили растаи сайёҳӣ дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2025 («Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE-2025») аз ҷониби ширкати «Ҳафт Иқлим Барман»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Сайёҳати диёр» шурӯъ аз 11 ноябр то 11 декабри соли равон дар Боғи Куруши Кабир амал мегардад.

Дар «Кӯчаи сайёҳии Куруши Кабир» баргузории барномаҳои фарҳангӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ (чӯбкорӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ, косибӣ ва ғайра), хӯрок ва хӯришҳои лаззиз, шириниҳо ва обҳои ташнашикани ҷонибҳо, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ, намоиши театрӣ, гӯшаи аксбардорӣ бо либосҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ дар назар аст.

Фаъолияти «Кӯчаи сайёҳии Куруши Кабир» ҳамарӯза шурӯъ аз 11 ноябр то 11 декабри соли равон аз соати 11:00 то 22:00 бо инобати ташкили барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ (аз соати 18:30 – 20:00) муқаррар гардидааст.

​Иқдоми мазкур метавонад дар оянда баҳри ташкили кӯчаи сайёҳии доимоамалкунанда дар пойтахти кишвар заминаи мусоидро фароҳам оварад. 

11/11/2025