Хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» ташкил карда шуд

31/01/2026

Имрӯз (31.01.2026) бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» ройгон ташкил карда шуд.

Ҳадаф аз ташкили хатсайри сайёҳӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили Ҷашни Сада арзёбӣ мегардад.

Хатсайри сайёҳии “Сайри Сада” бо ҷалби намоянадагони корпуси дипломатӣ, сайёҳону меҳмонони хориҷӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор карда шуд.

Дар доираи хатсайр роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба иштирокчиён доир ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти Ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд.

Хатсайри сайёҳӣ аз назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, ба самти Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ – макони таҷлили Ҷашни Сада ҳаракат намуд.

Иштирокчиён - меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар доираи хатсайр аз намоиши навъҳои тухмии зироати кишоварзӣ ва техникаҳои соҳавӣ, гулу буттаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, анвои меваҳои хушк ва шириниҳо ва дигар маҳсулотҳое, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, дидан намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ маҳз дар ҳамин гуна ҷашнҳои миллӣ, бахусус ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бо урфу одат, расму оин, ҳунарҳои қадимаи дастӣ ва таомҳои миллии тоҷикон аз наздик шинос мешаванд. Ин ҷашнҳо дар муаррифии таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик, тарғиби имконияти сайёҳии мамлакат, бахусус пойтахти он ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ нақши арзанда мегузоранд.

 

31/01/2026